СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ № 19

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 низ соати сиёсӣ бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд.  Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур,  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Олтибоева Гулрухсор пеш бурда,  атрофи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ намуда, иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти роҳандозӣ намудани Амалиёти мазкур ва бо ин васила баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста аст.