ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ ВА ҶАВОНОН ДАР СОАТИ СИЁСИИ МТМУ № 80

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори МТМУ № 80 ноҳияи Ёвон «Соати сиёсӣ»  бо иштироки хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар «Соати сиёсӣ» ба ҳайси омӯзгор ёрдамчии Прокуратураи ноҳияи Ёвон Ҳаётзода Ф. Б. иштирок намуда, дар мавзуи "Идеологияи миллӣ ва ҷавонон"  дарс гузашт. Хонандагони муассиса иқдоми мазкур ва дар фазои озод баргузор намудани соати сиёсиро бо хушнудӣ пазируфта, барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.