ОШИҚОНРО МИЛЛАТУ МАЗҲАБ ХУДОСТ...

Ёвон: Андеша  

(Бардошт аз суханронии Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин)

Мазмуну моҳияти суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат саршор аз мазмуни баланду мутафакирона буда, шаҳодати он аст, ки Роҳбари давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеа нақши босазо доранд.


Мусаллам аст, ки Пешвои муаззами миллат дар сиёсати  хирадмандонаи худ таълиму тарбияро асос ва пойдевори рушду  инкишофи ҳаёти ҷомеа медонанд. Ин таваҷҷуҳро дар  суханронии навбатиашон метавон мушоҳида намуд. Чунин  баромадҳо ба густариши эҳсоси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва  болоравии  маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба  мусоидат  хоҳад  кард.

Таърих  фаромӯш нахоҳад кард, ки фарзанди бонангу номус ва сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллати тоҷик ва роҳи ҳаққу адолат, барқарории қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ ҷон ба каф гирифта, кори худро аз сулҳ оғоз намуда, то  имрӯз  аз  ҳар  суханашон  ба  гӯш  навои  Ваҳдат  мерасад.

Президенти мамлакат бидуни шакку шубҳа мусулмони воқеӣ буда, дасти хайру сахо, падарвор сарпарастӣ намудани ятимон, роҳсозию ободкориҳояшон барои ҳамагон намунаи олии ибрат ба ҳисоб меравад. Худованд ба Президенти кишвари мо он қадар нерӯву давлатмадориро додааст, ки ин нерӯ на танҳо давлат месозад, балки роҳу пулу кушку мактабу беморхона бунёд месозад.

Яъне мусулмон будан он нест, ки мо танҳо рӯзадор бошему ҳамеша бо тоату ибодат, ё бо донистани фақат чанд ҳарфи арабӣ миёни мардум худнамоӣ кардан, ба ҳаргуна мазҳабҳо пайравӣ кардан, мусулмони ҳақиқӣ ишқи Худовандро дар қалбаш дораду ба ҷуз Худованд, касеву чизеро парастиш намекунад, ҳануз садсолаҳо пеш Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфта буданд:

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,

Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ бори дигар аз  муҳиммияти донистани рукнҳои мусулмонӣ дар шароити имрӯза  ёдовар шуда, чунин таъкид доштанд, ки “Дар Каломи осмонӣ чунин омадааст “Худованд ба суратҳои Шумо ва дороиҳои Шумо нигоҳ намекунад, лекин Худованд ба дилҳои Шумо ва кирдорҳои Шумо менигарад”.

Инчунин Сарвари  давлат дар баромадашон иброз доштанд, ки фаъолони ҷомеаи имрӯза, махсусан ходимони динро зарур  аст, ки  дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму  ойинҳои бегона, зиёдаравию масрафҳои нодуруст миёни ҷомеа  корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ  ва мусулмонии худро дар назди халқу Ватан  содиқона  иҷро  намоянд.

Пас агар чунин аст, биёед тамоми ҳизбиён, чун фарзандони ҳақиқии миллат дасти ҳам гирифтаву дар ҳошияи суханронии Раиси муаззами ҲХДТ, дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои Пешвои миллат бо нияти расидан ба фардои дурахшони кишвар, зиндагии босаодати ҳар як ҳамватан қадам ба сӯйи пеш ниҳем.

Темурзода Фарзона-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон