ИФТИХОР АЗ ОН ДОРАМ, КИ МАН ТОҶИКАМ......

Ёвон: Андеша  

(Андеша: таассурот аз мулоқоти  Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)

Тоҷик миллатест, ки  бо илму фарҳанг ва таърихи  қадимии худ миёни қавму миллатҳои дигар ҷойи муайянро ишғол намуда, имрӯз дар арсаи  ҷаҳон бо эҷодиёти фарзандони  барӯмандаш фахр дорад. Ин миллат ҳамчун  миллати тамаддунсозу тамаддунофар  таърихи  куҳан дошта, дар масири  таърих мақоми  хосаро касб карда омадааст.

Ман, пеш аз ҳама бояд, таъкид созам, ки ҳамчун иштирокчии  ин мулоқот ба худ, ҷаҳони маънӣ гирифта, аз мактаби инсондӯстиву садоқатмандии Пешвои муаззами миллат боз ҳам васеътар баҳравар гардидам. Бори дигар аз тоҷик будану гузаштаи пурифтихор доштанам, сарам ба осмон расид, дарк намудам,  ки набояд  фаромӯш намуд, ки  мақсади асосии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар суханрониҳояшон  пеш аз ҳама мустаҳкам намудани решаҳои дарахти Ваҳдат, иттиҳоду  сарҷамъии сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

       Ислом ба зоти худ надорад айбе,

       Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Мутаасифона мо шиҳидем, ки имрӯзҳо бархе аз тоифаҳо динро василаи расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ қарор додаанд.  Таъкид ба маврид аст, ки инсон Худоро бояд бо қалбаш  шиносаду  дӯст  дорад.

Раиси муҳтарами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон чун устоди бузурги тарбия доир масъалаҳои мубрами рӯз таъкид намуданд: “Агар дар забонамон, дар рафторамон, дар кирдорамон зиҳирпарастӣ кунем, ҷелакҳои дароз пӯшем, ришҳои дароз дошта бошем, сатру ҳиҷоб бандем, лекен дилу нияти пок надошта бошем, ин зоҳирпарастӣ ҳасту халос.  Яке аз бузургони гузаштаамон Аҳмади Ҷомӣ ба талабгорону равандагони роҳи хонаи Худо таъкид кардаанд, ки  “Худро шиносед, ки ҳастии Худо дар ҳастии Шумо ва манзалати ӯ дар манзалати худи шумост”.

Дар ҳақиқат, ҳамаи мо низ шоҳид ҳастем, ки имрӯзҳо дар тамоми маҳалаҳо маъракаҳои ҳоҷибиёӣ ва ҳоҷиталбон ба ҳукми анъана даромадаанд, ки онҳо баъзан масрафҳои бениҳоят калонро талаб менамоянд, агар мо мусулмони ҳақиқӣ бошему Худошинос пас бояд рисолати инсонии худро дониста, гуфтаҳои  Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, ба мардум фаҳмонида тавонем, ки  дар чунин маъракаҳо зиёдаравӣ накарда, он маблағҳоро барои таълими фарзандон, ободкорӣ,  корҳои хайру саховат ва  ба ниёзмандон сарф намоянд, то савоби бештареро соҳиб гарданд. Зеро бузургони мо таъкид кардаанд:

Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад.

Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб.

Бо дили пур гуфта метавонем, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон, аз ҷумла ҳизбиёни ноҳия таҳти роҳбарӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ҳама намуд хурофотпарастиву зиёдаравиро маҳкум намуда, бо меҳнати бунёдкорона Ватани азизамонро рўз аз рўз ободтар хоҳем кард.

Амирзода Мақсуд Амир- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон