ҒАМХОРӢ БА ТАБИАТ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ КУМИТА

Ёвон: Андеша  

         Чуноне, ки маълум аст ду се рӯзи охир боришоти барф дар тамоми минтақаҳои кишвар ба назар гирифта шудааст. Ин боришоти бошиддати барф дар ноҳияи Ёвон низ мушоҳида мешавд. Аз сабаби боришоти барфи зиёд кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон тасмим гирифтанд, ки дарахтони дар гирду атрофи бинои Кумитабударо аз барф тоза намоянд, то ин ки шохчаҳои онҳо нашикананд ва сармо назананд.

       Аз ин рӯ, имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои тоза намудани барфи дарахтон, ва гулу бутаҳои ороишӣ шуруъ намуданд.