САНГФАРШКУНИИ ДЕҲАҲО АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби Ҳизбиёни ноҳия санаи 25-уми феврали соли равон дар кӯчаи № 5-и деҳаи Озодӣ, Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови роҳҳои байни кӯча азнавсозӣ ва тармиму шағалрезӣ гардид. Дар ин ҳашари азнавсозӣ ва тармиму шағалрезии кӯча, ҳама дастаҷамъона баромада, дар ин кори муҳиму хайр саҳми худро гузошта, гирду атрофи кӯчаро тоза намуданд.

 Зикр кардан бамаврид аст, ки бо дастгирии ҷавонони масъулиятшинос ва саҳми сокинони кӯча се мошини калон шағалреза оварда, дар роҳ рехта ва ҳамвор карда шуд. Сокинони деҳаи Озодӣ тасмим гирифтаанд, ки чунин тадбирҳоро дар оянда низ идома медиҳанд.