ВАТАН-ҲАР ЯК ГУШААТРО САРСАБЗ ХОҲАМ КАРД

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гушаи ватани азизамон имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон аксияҳои ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад. Ин навбат дар гирду атрофи Коллеҷи тиббии ноҳия аксияи шинонидани ниҳол аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур кормандон ва донишҷуёни ин  муассиса  ва аъзоёни Ҳизбӣ иштироки фаъолона намуданд.

Дар ҳашари умумӣ аз ҷониби масъулин як миқдор ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд. Ин иқдом дар дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон минбаъд низ дар тозагиву бунёдкории ҳудуди ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизбӣ саҳми худро мегузоранд.