ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва соҳибкори саховатпеша ва Ватандӯст Акбар Асадулло барои сарбозону афсарони Қисми низомии 6593-и дар ноҳияи Ёвон буда ба муносибати 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Раҷабзода Эраҷ, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Амирзода Мақсуд, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Субҳиддин Изатов ва муовини директори Коллеҷи мазкур Раҷабзода Файзиддин иштирок намуда, сарбозону афсаронро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик ва муборакбод гуфтанд.

Сарбозон дар таҳти сурудҳои дилошӯби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон ва дастаи ҳаваскорони Коллеҷ хурсандона рақсу бозӣ карданд.

Дар поёни ин дидорбинии хотирмон бо иқдоми соҳибкори Ватандӯст Акбар Асадулло барои ҳомиёни Ватан дастурхони идона ороста шуд.