ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ёвон:  

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаву ташкилотҳо 31- солагии рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта истодаанд. Аз ҷумла, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и Ҷамоати шаҳрак бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Эраҷ ин чорабинӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби баромадкунандагон шеърҳои ватандӯстона, ҳифзи марзу буми Ватан ва содиқона хизмат намудан ба халқу миллат қироат карда шуд.

Адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки  мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастиро тарбият менамояд. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр  медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.