АРТИШИ МИЛЛӢ - МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ

Ёвон: Андеша  

Ҳамасола Артиши Миллиро  рӯзи 23 - феврал дар сар то сари Тоҷикистони маҳбубамон ҷашн мегиранд. Имсол бошад 31-солагии Артиши Миллиро дар як вазои тантанавӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта истодаанд. Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва ваъзи моддию техникии имрӯзаи Артиши Миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба кулӣ фарқ менамоянд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони  гузашташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва таъмини  ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбалондона иҷро карда истодаанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати сарбаланду сулҳпарвар соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ гиранд. Ҳар як ҳомии марзу буми Ватан бояд дар хотир дошта бошад, ки фарзандони далеру шуҷоъи аҷдодии шарафманди мо дар ҳама давру замон бо ҷасорату матонат ва эҳсоси баланди ватандӯстиву  адолатхоҳӣ  шаъну этибори миллати худро ҳифз намудаанд. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки  мояи ифтихор ва шарафи бузург аст.

Хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр  медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.

Мирзоев Э. Қ. - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон