АРТИШИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ОРОМИИ МАМЛАКАТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бахшида ба 31-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту суҳбатҳо бо ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки кормандони масъули Кумита дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии    № 36 Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав  вохӯрӣ доир гардид. Дар мулоқоти мазкур иброз карда шуд, ки  риояи қонунҳои мамлакат ин танзими кору фаъолият ва зиндагии сокинон аст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки қонунҳои асосиро риоя намуда, баҳри пешрафти зиндагии худ ва давлату мамлакат таъсиргузор бошанд. Шукрона аз ин давлати обод ва фазои орому озод, шукронаи ин  тинҷиву амонӣ ва сулҳу амният дошта бошем.