ЛИБОСИ МИЛЛӢ-МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ.

Ёвон: Андеша  

Дар таи 32 соли Истиқлолият Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои пешрафта дар сатҳи давлатҳои абарқудрат шинохта шудааст.

Тамоми иншоотҳо, корхонаҳои саноатӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд, ки барои некуаҳволии мардум равона гардидаанд. Лекин ҳастанд нафароне, ки ин ободию оромии кишварро халалдор месозанд. Намехоҳанд, ки дар фазои сулҳу амният модарону хоҳарон орому осуда умр ба сар баранд. Ин гуна ашхосон нафароне ҳастанд, ки давлати ороми моро ба давлати исломӣ табдил кардан мехоҳанд, наврасонро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил намуда, зидди давлати соҳибистиқлолу демократии мо равона намуда, террористу экстремист тайёр мекунанд.

Дар кӯчаҳо занону духтаронеро вомехӯрем, ки либоси сиёҳ (ҳиҷоб)-ро ба бар намудаанд. Пӯшидани либоси ба миллати мо бегона, ҳусну ҷамоли занони тоҷикро коста кардааст. Ҳар як халқу миллатро бо фарҳангу тамаддунаш, аслу нажодаш ва бо либоси миллиаш мешиносанд.

Халқи тоҷик аз азал фарҳанги бою ғанӣ дошта, бо фарҳанги тамаддунофар, дину оинаш, ҷашну маросимҳои миллияш тамоми оламиёнро мафтун кардааст. Ҷашну маросимҳое, ки халқи тоҷик дорад, дар ягон миллат ин гуна ҷашну маросиҳо ба назар намерасад. Либосҳои миллии духтарони тоҷик чакану адрас, атласу попур буда, дар нақши ин матоъҳо манзараи зебои ҷашни Наврӯзи аҷам, бедоршавии табиат таҷассум ёфтааст. Либоси миллии мо фарҳанги волои моро ба ҷаҳониён муаррифгар аст.

Дар рӯзҳои ғаму мусибат низ занони тоҷик  либоси сафед ва гардии сафед ба бар мекунанд, зеро ин дарак аз рӯшноии қалб, покии ботин ва умед аз фардои нек, рӯзи сафед шаҳодат медиҳад. Занони тоҷик дар интихоби ранги матоъ аҳамияти хос медиҳанд, чунки ҳар як ранг хусусияти хоси худро дорад. Ранги сиёҳ далел аз торикии қалб, зулмот ва ҷоҳилист. Дар урфият гуфтаанд, ки шахсро бо либосаш  қабул карда, бо ақлу заковаташ гуселаш мекунанд.

Шукрона аз ин давлати обод ва фазои орому озод, шукронаи ин  тинҷиву хуррамӣ, сулҳу амният, шукрона,  ки чунин Пешвои маҳбубу ғамхор дорем, чун пайваста талош меварзад, то сулҳу амонии кишвар ва ободию осоиштагии халқаш побарҷо бошад. Шукргузор аз давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона. Шукри Тоҷикистони азиз, сарвари дурандешу нексиришт ва миллати бофарҳанг. Мо бояд маданияту фарҳанги либоспушӣ, таърихи гузашта, урфу одат ва анъанаҳои миллии тоҷиконаи халқи худро пос дорем ва ба ояндагон мерос гузорем.

Мудири бахши Омори КИ ҲХДТ дар ноҳия – Гурезова Мавҷуда