ХОИНОНИ ХУДХОҲИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМОНРО МАН ФОҲИШАИ ЭКСТРЕМИСТУ ТЕРРОРИСТ МЕНОМАМ!

Ёвон: Вокуниш  

Бисёрталаби ба мисли ҳарчи талабист, Бисёр талаб намудан аз беадабист. Фоҳишагарӣ фурӯши тан нест фақат, Бифрӯхтани миллату Ватан ҳам ҷалабист. Дар ҳама давру замон тоифаҳое вуҷуд доранд, ки ба сулҳу осоиштагии мардум рашк доранд, арзишҳои миллиро арҷ нагузошта, дидаву дониста ақидаҳои одамонро ба сӯи торикӣ, гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебаранд, аз он ҷумла гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ террористӣ ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломгаро ва дар ниқоби динии «Давлати Исломи», «Толибон» ва ҳизбу ҳаракатҳои «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи-24», «Ҳизби таҳририи экстремистӣ ва террористӣ наҳзати исломӣ» дар Тоҷикистон мамнӯъ бо роҳбарии Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин ва чанде дигаронашон, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ мақсадҳои нопоки ифротии худро барномарези намуда расонаӣ мекунанд ва мехоҳан бо ин амали ғайри инсонии худ мардуми осоиштаро ба гумроҳӣ бурда, осоиштагии мардумонро аз байн баранд, ки ин амал аз гумраҳии беш нест. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, як тахдиде ба осоиштагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Дар сарчашмаҳои маърифатӣ омадааст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Мову Шумо эҳсос намуда истодаем, ки дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти ифротии густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати ба ном исломӣ аст. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд.

Ёдовар мешавем, ки ба чунин гурӯҳҳои тундрав ҷавононе гаравида мешаванд, ки саводи диниву дунявӣ надошта, аз ниёгони гузаштаи худ аз таъриху тамаддуни хеш бехабаранд. Ҳангоме, ки барномаи Муҳамадиқболи С дар Ютуб меравад хушбахтона пайдо мешаванд нафароне, ки ба Муҳамадиқболи манфур аз оқибати ҷиноятҳояш, барномаи дурӯғинаш мефаҳмонанд. Дар ин марҳила маълум аст, ки ҳар як тоҷики ватандӯст, оромиши миллат ва ҳукмфармоии фазои сулҳу суботро чун гавҳараки чашм зарур медонад, давлату миллатро дӯст медорад. Борҳо собит шудааст, ки ҳадафи ифротиҳо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, ҳам дар соҳаи баҳси илмӣ ва ҳам дар майдони набард, мардуми соддалавҳро, ки аз макру ҳилаи онҳо бехабар ҳастанд, гул задан аст. Ҳамчунин ба ном «муаллимҳо»-и наҳзатӣ солҳои навадуми асри гузашта, ба мардум ба истилоҳ «дарси динӣ» дода, дар мафкураи онҳо афкори эътирозиро ҷой карданд, оқибат ақидаи мардум хурофотӣ шуда, бо фармони хоҷагони хориҷӣ аз ҷониби ТТЭ «Ҳизби наҳзати исломӣ», ҳаммаслакон ва ҳамақидаҳои онҳо, инчунин шахсоне, ки таълими кунҷакии динӣ гирифта буданд бо мақсади аз байн бурдани Тоҷикистон ва миллати тоҷиқ, ки наҳзатиҳо ҳамаро кофир эълон карда буданд, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 150 ҳазор одамони бегуноҳ кушта, ҳазорҳо кӯдакон ятим монданд, шаҳрҳо ва деҳаҳои обод валангор шуданд ва ба ҷумҳурӣ беш аз 12 миллиард доллар зарар расонида шуд, ки ин ҷинояти башарии онҳо нобахшиданист. Чун таҳлилҳо нишон медиҳанд, аксари онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ё ба сафи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ аз қабили «Давлати исломӣ», «Ҳизби Таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва амсоли инҳо пайваста, ба куштори мусулмонон даст задаанд, дар хурдӣ дар ҳуҷраҳо таълимоти кунҷакии кӯр кӯронаи махсусгардонида шудаи ифротӣ ва ғайриқонунии динӣ гирифтаанд, ки маҳз ин аст дар ақидаву вуҷуди онҳо ҷаҳолат ва хурофотпарастиву бегонапарастӣ дар ботини онҳо барои ба роҳи ифрот қадам мондани онҳо замина гузоштааст.

Мутаассифона, имрӯзҳо душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷи кишвар истода такя ба хоҷагони хориҷии худ тақдири тоҷиконро мехоҳанд ҳал намоянд, тариқи шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизамон ва ба осоиштагии мардум таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб намуда ва онҳоро ба доми ифротии худ андохта муқобили ватану миллати худ барангезанд. Аслан ҳамаи гуфторашон мутлақо дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд Тоҷикистону миллати азизамонро ба вартаи ҳалокат афкананд. Тибқи маълумотҳо соли 2018 дар миқёси олам зиёда аз 15 ҳазор амалиёти террористӣ содир гардидааст, ки ба ҳар як шабонарӯз 41 амали террористӣ рост меояд. Бар асари ин ҷиноятҳои хунин беш аз 13 ҳазор афроди ғайринизомӣ ҳалок шудаанд.

Аъзои фаъоли Ҳизб-сармутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ёвон Гулзода Муҳсинҷон