МАЪЮБОН БО НАФАҚАИ ҲИЗБИ ТАЪМИН ГАРДИДАНД

Ёвон:  

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта будаанд,  ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳамасола аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон барои дастгирии қишри ниёзманди сокинони ноҳия, алалхусус ба маъюби гуруҳ 2-и Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кучаи Ҷомӣ Маҳмуродзода Юсуфҷон кумакпулӣ ба миқдори 500 сомонӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Амирзода Мақсуд супорида шуд.