КУМАК БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ АҲОЛӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳамасола аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон барои дастгирии қишри ниёзманди сокинони ноҳия, алалхусус ба маъюби Ҷамоати днҳоти Ситораи Сурх деҳаи Рӯдакӣ Бекназаров Насрулло кумакпулӣ ба миқдори 500 сомонӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Амирзода Мақсуд супорида шуд.

Аз тарафи эшон ба раиси муаззами ин Ҳизби бонуфуз,Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон нисбати маъюбон миннатдорӣ баён карда шуд.