САНГФАРШ НАМУДАНИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ ДЕҲАҲО БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 дар қаламрави кишвар таҷлил карда мешавад, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат сокинони деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти Норин ба ҳашари умуми баромада, тасмим гирифтанд, ки роҳҳои дохили деҳаи мазкурро пурра сангфарш намоянд. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии Якҷоя месозем бо саҳми маҳал ташкил карда шуда, дар масофаи зиёда аз 4 км роҳҳои деҳа сангфарш карда шуд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари умуми иштирок намуда ба ташабускорони ин иқдом изҳори сипос ва минатдорӣ намуданд.