“ТЕРРОРИЗМ” ВА “ЭКСТРЕМИЗМ” – ВАБОИ АСРИ ХХ1

Ёвон: Андеша  

 Ҳамарӯза мову шумо аз расонаҳои хабарӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва дар муошират дар баробари мавзӯҳои модар ватан, истиқлолият, муқаддасотҳои миллӣ, дастовардҳои илму техника бештар истилоҳҳои “экстремизм” ва “терроризм” бархурдор мешавем. Ин ду мафҳум чӣ маъно дорад ва аз куҷо ба забони мо ворид гаштаанд? “Экстремизм”- калимаи фаронсавӣ буда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ ва аз ҳад гузаштанро мефаҳмонад. Яъне шахсест,ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравонаро дорост. Ҳеҷ гоҳ роҳи мусолеҳаомезро ихтиёр намекунад.

Ин гуна амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – чӣ дар сиёсат, илм, идиология, варзиш ва дин низ ба миён ояд. Яъне шахсиятҳои дорои чунин хислатҳо бо амалҳои экстремистиашон дар байни ҷомеа, давлат ва дин фитна ва ҷангу ҷудоӣ меандозанд. “Терроризм”- аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс,ваҳм мебошад. Шахси террорист мехоҳад мақсаду маромашро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созад. Мутасифона экстремизм ва терроризм бештар дар ҷаҳони имрӯза паҳн шуда истодааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯз дар алоҳидагӣ пеши роҳи ин вабои асри ХХ1 – ро гирифта натавониста истодаанд.

Бадбахтона ин амалҳо бештар зери ниқобу шиорҳои дини мубини ислом сурат мегиранд.Гарчанде дини Ислом ба терроризм ягон алоқамандие надорад. Баръакс ин амалҳои зиштро маҳкум намуда инсонро ба роҳи рост, меҳру муҳаббат ба якдигар ҳидоят менамояд. Шахсиятҳои алоҳида бо фармони хоҷагони худ аз бесаводӣ ё паст будани донишӣ сиёсӣ, набудани ҷойҳои корӣ, паст будани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ё он давлат ва махсусан аз паст будани сатҳи, маърифатнокии ҷавонони он истифода бурда дар байни ҷомеа ҷанг андохта бо ин роҳ ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афканда, сохти давлатдориро заиф намуда, тамоми боигарӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ва қувваи арзони кории ин давлатҳоро аз худ менамоянд ва ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки мардуми давлатҳои ақибмонда босавод шуда, илму техникаашон тараққӣ намуда дар бозори ҷаҳонӣ бо онҳо рақобатпазир бошанд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди давлати соҳибистиқлолу соҳибитиёр шукрона аз ин обу хоки диёр шукрона намуда ,дар ҷавоби ғамхориҳои сарвари давлатамон ҷаноби олӣ Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гирди парчами нангу номуси миллӣ ва ваҳдати ягонаи давлатамон бештару зичтар ба ҳам омада нагузорем, ки душманони берунаву дохила ба якпорчагии давлату миллатамон зиён расонанд. Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб ҳар як шаҳрванд вазифадор аст пеш аз ҳама таълиму тарбияро дар оила хуб ба роҳ монда, алоқаро бо мактабу муаллимон густариш дода фарзандҳоро дар рӯҳияи илму маърифат тарбия намояд. Иштироки хонандагон дар чорабиниҳои фарҳангиву маданӣ, озмунҳои фаннӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва сиёсии ноҳия метавонад ҷаҳонбинии хонандаро васеъ намуда дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия ёбад. Бояд гуфт, ки дар ин роҳ вазифаи ҷомеа низ бисёр калон мебошад, яъне мо нисбати тақдари фарзандони якдигар дар кӯча низ бетараф набошем. Алоқа байни созмони талабагон бо созмони ҷавонон, кор бо ноболиғони шӯъбаи корҳои дохила, кумитаи падару модарони мактаб,фаъолони маҳҳал дар доираи қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” хуб ба роҳ монда шавад. Танҳо бо роҳи илму маърифат метавон пеши роҳи ин амалҳои нобатлуби ҷомеа “Экстремизм ” ва ”Тероризм”-ро гирифт. Пас танҳо “Дониш”- доруи табобати ин вабои асри ХХ1 шуда метавонад.

Анвар Мирзоев, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Пайравони Сино”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон.