АЪЗО ШУДАН БА ҲХДТ - ИФТИХОР ВА ШАРАФИ МАН!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, чун зодаи Истиқлолияти кишвар, тавонист дар ин муддат дар майдони сиёсат мавқеи устувор ва ҷонибдорони зиёди худро дарёбад. Яке аз чунин ҷонибдорон омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74 Ҷурахонов Нуриддин мебошад, ки аз аъзогӣ дар ин Ҳизб буданаш ифтихор дорад. Чун аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Амирзода Мақсуд билети ҳизбӣ тақдим карда шуд. Аз ҷониби эшон ваъда дода шуд, ки ба халқу миллат, ободии кишвар ва тарбияи насли наврас сидқан талош меварзад.