ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДКОРӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат сокинони деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба ҳашари умумӣ баромада, тасмим гирифтанд, ки барои тоза намудани заҳбурҳои обгузари ҳудуди деҳа саҳми худро гузоранд.

Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо саҳми маҳал ташкил карда шуд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари умумӣ иштирок намуда, ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос ва минатдорӣ намуданд.