ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ - ВАБОИ АСР

Ёвон: Вокуниш  

Пӯшида нест, ки дар раванди чаҳонишавӣ ва бархурди таммадунҳо вазъият ба кулли тағир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои ҳамсоя ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутаффакири барҷаста Хемингуэй  гуфтааст:” Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанги байни таммаддунҳо хоҳад буд ва шадидитарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад”.  Аъзоёни ТЭТҲНИ бешармона худро ҳомии сулҳ эълон мекунанд, вале дар асл  суханҳои онҳо ба  мантиқ тамоман рост намеояд. ТЭТНИ ҳаррӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сӯи ватани азизамон Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ кишвару ҳукумати моро дар назари хоричиҳо таъна ва маломат карда, худро бечораву нотавон нишон медиҳанд.

Албатта дар чаҳорчубаи як мақола фаро гирифтан ва таҳқиқ кардани таърих ва идеологияи тамоми созмонҳо ва ҳаракатҳои муосири диниву сиёсӣ аз имкон берун аст. Аз ҳамин сабаб, ба таври умумии мухтасар дар бораи созмонҳои ифротгарию террористӣ, ҳамчун омили хатарноки ҷомеаи башарӣ мебошанд. Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии диннии Тоҷикистон бегона ва хатарнок ҳизби таҳрир ва салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, назби ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман таҳти мафҳуми “Созмон ё ҳаракатҳои исломӣқувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо, хусусиятҳои экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад. Гурӯҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро бо ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардаҳои ин гуруҳҳои ифротгарои ва дигар дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ , ки бо номи “гурӯҳи -24” анҷом мешаванд, бо исломи асилу ноб ягон робитае надоранд. Дар натича амалиётҳои нопоки худ, онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳро мерезонанд, кудакон бесарпаноҳ ва занонро ба ҳалокат мерасонанд.

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва  Роҳбарияти Олии мамлакат аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба  он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Терроризм ва эктремизм, шомилшавии бархе аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда, ба Тоҷикистони мо низ бетаъсир намондааст. Ҷавонони кишварро имрӯз зарурияте ба миён омадааст, ки дар баробари чунин ғамхориҳои сарвари давлат масъулияти  дучандро бояд ҳис  намоянд ва якпорчагии Ватани  азизамонро ҳифз намуда,  кишвари  озодро ба наслҳои оянда ба  мерос гузоранд. Мо ҳамеша ба суханҳои Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳишосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаро дастгирӣ менамоем.

Сулҳе, ки барои мо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камари ҳиммат баста, ба муқовимат бо афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад ва барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.

Гурезова Мавҷуда-мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон