ҶАВОНОН ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ёвон: Андеша  

Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада дар ҷодаи сулҳофарӣ бозёфти нодир аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳофариро ҷавонмардона ба даст гирифт».

Дар ҳақиқат маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки  ҷониссориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки тавассути сиёсати дурбинона давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин ҳадяи таърих расидан, ба кору пайкори ватандӯстона ва қаҳрамононаи Президенти мардумии худ арҷ гузоштан, роҳу равиши он касро омӯхтан ва ҳамчун сармояи ибрат истифода бурдан ба нафъи ояндаи миллат аст.

Эраҷ Мирзоев,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон