БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гушаи ватани азизамон имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон аксияҳои ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад. Дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳияи муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр ин навбат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх аксияи шинонидани ниҳол баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур командони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоат, ва фаъолони деҳот иштироки фаъолона намуда, зиёда аз 200 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд. Ин иқдом дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад.