ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 дар қаламрави кишвар таҷлил карда мешавад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат сокинони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба ҳашари умуми баромада тасмим гирифтанд, ки як тарафи дарёе, ки аз самти Ёвон ба самти Абадураҳмони Ҷомӣ меравад соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом диҳанд. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии Якҷоя месозем бо саҳми маҳал ташкил карда шуд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари умуми иштирок намуда ба ташабускорони ин иқдом изҳори сипос ва минатдорӣ намуданд.