ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 дар қаламрави кишвар таҷлил карда мешавад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат сокинони деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба ҳашари умуми баромада тасмим гирифтанд, ки дар ду тарафи роҳҳои дохили деҳаи мазкур ҷӯйборакҳои битони намуда, барои гузаштани об дар фасли зимистону баҳо барои вайрон нагардидани роҳҳо мусоидат намояд. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии Якҷоя месозем бо саҳми маҳал ташкил карда шуда дар масофаи зиёда аз 500 м ду тарафи роҳ ҷуйбор карда шуд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари умуми иштирок намуда ба ташабускорони ин иқдом изҳори сипос ва минатдорӣ намуданд.