РАСОНИДАНИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИЁНИ СОКИНОН

Ёвон: Андеша  

Санаи 06 феврали соли 2024, вобаста ба расонидани нуҳтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамзамон бобати баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ҷалби духтарон ма зиннаи сеюми таҳсил, қонуншиканӣ ва ҷиноят миёни наврасону ҷавонон, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористию экстиримтӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи мумумии рақами 11 бо падару модарони хонандагон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохурии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб, сармутахассиси шуъбаи маориф Қаҳоров Қурбоналӣ ва мутахассиси пешбари шуъбаи маориф Бобоев Саидбек иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрии мазкур аз ҷониби иштирокдорон  саволу ҷавобҳо ва пешниҳодҳо барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани робита бо муассиса ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар ободию созандагии муассиса, афгори ақида намуда, ба хуби пазируфта шуд.