БИТОНПУШ НАМУДАНИ РОҲҲОИ ДОХИЛИ ДЕҲАҲО ИДОМА ДОРАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 дар қаламрави кишвар таҷлил карда мешавад корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома дорад. Ин навбат сокинони деҳаи Калфи сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба ҳашари умуми баромада тасмим гирифтанд, ки роҳҳои дохили деҳаи мазкурро дар масофаи зиёда аз 1 км пурра битонпуш намоянд. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо саҳми маҳал ташкил карда шуда дар масофаи зиёда аз 1 км роҳҳои битонпуш карда шуд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари умуми иштирок намуда ба ташабускорони ин иқдом изҳори сипос ва минатдорӣ намуданд.