Терроризм Ватан, дин ва мазҳаб надорад.

Ёвон: Вокуниш  

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм,  терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. 

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёмњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Яке аз проблемањои асосии тамоми давлатҳо ин таҳдидҳои гуруњњои террористию экстремистї мањсуб мегардад, ки њама рўза ин табаќа афродони гумроњгаштаю фосиќ боиси ќатли 1000-њо насли љавони бегуноњ гардида истодаанду, њамарўза боз чандин нафар љавони камсаводу сустиродаро ба доми фиреби худ андохта шомил ба худашон гардонида истодаанд.

Тољикистон, ки љузъи људонашвандаи љомеаи љањони ба њисоб меравад таъсири ин мушкилот сол то сол бештар ба миллати тољик алалхусус ба љавонон расида истодааст, ки дар натиља боиси ашки модарону хоњарон ва бародарони миллати тољик гардидааст.

Бояд ќайд намуд, ки тибќи маълумотњои Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон шањрвандони Љумњурии Тољикистоне, ки ба ташкилотњои байналмилалии террористию экстремистї њамроњ гардидаанду дар муќовиматњои мусаллањонаи давлатњои Сурия, Ироќ, Афѓонистон ва Покистон иштирок намуда истодаанд.

То имрўз дар љомеа љавонони роњгумзада пайдо мегарданд, ки  фирефтаи њавову њаваси зиёд гардида, имрўз дар давлатњои Ироќу Шом дар љангњои мусаллањона иштирок доранд.

Мо ҳизбиён, фаъолон ва ањли зиёро зарураст, ки корњоро дар ин самт љоннок намуда, чорабинињои таблиѓотию ташвиќотї оид ба пешгирии шомилгардии љавонони ноњияро ба ташкилотњои байналмилалии террористию экстремистї ва иштироки ѓайриќонунии онњо дар муќовиматњои мусаллањонаи хориљи кишвар пешгирї намоем.

Дар охир бояд зикр намуд, ки дин сарчашмаи ғоявии пурқудрат барои расидан ба ҳар гуна аҳдоф аст. Дар аксари ҳолатҳо террорист аз дин моҳирона истифода бурда, шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳро ба доми фиребаш мекашад. Ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғини гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро гарданд.

Суман Назурова – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳтияи Ёвон