БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАЪЛИМ ВА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доираи дастуру супориши бевоситаи раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат гуруӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз муассисаҳои таълимии ноҳия вобаста ба шароити таълим ва рафти зимистонгузаронӣ бозди намуда истодаанд. Ин навбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақам 38-и ноҳия боздид ба амал оварданд. Дар рафти боздид муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳия Ҳоҷиева Тахмина, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб ва раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул иштирок намуданд. Дар рафти боздид меҳмонон аз рафти зимистонгузаронӣ ва шароити таълими хонандагон шинос шуда, ба роҳбарияти муассиса дастурҳои мушаххас доданд.