“ПАЁМ-БАРНОМА, ДАСТУР ВА РОҲНАМОИ ҲАР ЯК ФАРДИ ҶОМЕА”

Ёвон: Созандагони ватан  

Нимаи аввали рӯзи 23 январи соли 2024, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии ноҳияи Ёвон вобаста ба расонидани нуҳтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамзамон бобати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби духтарон ма зиннаи сеюми таҳсил, қонуншиканӣ ва ҷиноят миёни наврасону ҷавонон, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористию экстиримтӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара дар муассисаи таҳсилоти миёниа умумии рақами 63-и ҷамоати деҳоти Даҳана, вохури миёни фаъолону аҳолӣ баргузор гардид.

Дар вохури мазкур Абдуллозода Саёҳат Пирмурод-муовини раиси ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, Бобизода Гулшан Гурез-мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, Хусрав Раҷабекович-Вакили маҷлиси Вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии №16 ва дигарон иштирок ва суханрони намуданд.

Вохурии мазкур аз ҷониби падару модарон ва фаъолон ба хуби пазируфта шуда, ба саволҳо ва пешниҳодҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас аз ҷониби гуруҳи мазкур дода шуд.

Ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат аз рафти илмомузии муассисаи мазкур шиносоӣ пайдо намуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озод анҷом доданд.