ҲАВАСМАНДИИ САРБОЗОНЕ, КИ АЗ ХИЗМАТИ ВАТАН- МОДАР ОМАДААНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон дар ҳама маврид хизматҳои шоистаи аъзоёну ҷанибдорон ва хосса ҷавонони саодатманди диёрро дар партави сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр менамоянд. Зимни баргузории Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 22 нафар ҷавонони деҳоти Норин, ки хизмати Ватан- Модарро адо намуда, ба назди падару модар баргаштаанд бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳавасманд гардиданд. Абдуллозода Саёҳат -муовини раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва Ҳасанзода Саъдулло -раиси ташкилоти ибтидоии деҳоти Норин зимни супоридани Сипосномаҳо хизмати онҳоро барои ҳимояи Ватан- Модар бориз арзёбӣ намуданд.