ШАНБЕГИИ УМУМӢ БО МАҚСАДИ ТОЗАГИИ МУҲИТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади тоза намудани муҳити атроф ва назди соҳилҳо  дар ноҳия шанбегии умумиҳизбӣ доир карда шуд.  Дар масири Зардолубоғи ноҳия  шанбегии умумӣ ташкил карда шуда, гирду атрофи  мавзеъи мазкур пурра тозаву озода карда шуд.

Ин навбат ҷавонон ва волонтиёрони ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шанбегӣ иштирок намуда,  дар ҳашари дастаҷамъона фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дастаҷаъмона ба ҳашар баромада дар ободи ва тоза нигоҳ доштани як гушаи ватани азизамон саҳми намоёни худро гузоштанд.