САНГФАРШ НАМУДАНИ РОҲ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ

Ёвон: Созандагони ватан  

Ташаббуси навбатии  мардуми деҳаи Қирғизободи Ҷамоати деҳоти Обшорон таъмиру азнавсозии роҳи  деҳаи мазкур аст, ки санаи 23 декабри соли равон мардуми деҳа бо як дилгармӣ ва дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳи даромадгоҳи деҳаро дар масофаи  зиёда аз 1,5 киллометр роҳи миёни деҳарро сенгфарш намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳаи Қирғизобод иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Мардуми деҳаи мазкур ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, дарвозаи замонавии деҳа ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Қирғизобод идома дорад.