СОКИНОН БАРОИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ КАМАРИ ҲИММАТ БАСТААНД

Ёвон: Созандагони ватан  

Ташаббуси навбатии  мардуми деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  бунёди истгоҳҳои наву замонавӣ дар назди роҳи мошингарди ҳудуди деҳа мебошад. Иқдоми мазкур дар доираи аксияи ҳизбии Якҷоя месозем аз ҷониби сокинони шарафманди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бунёд карда шуда, барои хизматрасони ба аҳоли пешбини карда мешавад. Сокинони деҳа санаи 02 январи соли равон бо як дилгармӣ ва дастаҷамъона ба ҳашар баромада, баҳри истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳкурсии истгоҳро пурра битонрези намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъонаи мардуми сарбаланди деҳаи Навобод иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Мардуми деҳаи мазкур ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, дарвозаи замонавии деҳа ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Навобод идома дорад.