МАҲАЛАМОНРО ОБОД МЕКУНЕМ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо чунин шиори созандагӣ ба ифтихори истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони деҳаи  Меҳнатобод роҳи мошингузари деҳа азнавсозӣ гардид. Аҳолии деҳа имрӯз сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гушаи маҳалро обод намуданд. Ҳизбиёни ноҳия дар ҳашари аҳолии деҳа иштирок намуда, иқдоми сокинони деҳаро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.