ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар Коллеҷи технологӣ -фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳия бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии Ғаюр 1-и Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон ба ифтихори  30-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ конференсияи адабӣ-фарҳангӣ дар мавзуъи "Ҷавонон ояндаи миллатанд!" баргузор гардид. дар кори конференсия устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур бо омодагиии ҳамаҷониба иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромад мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назурова суман ёдоварӣ намуданд, ки соли 2024 аз таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ ҳамчун, ҳизби пешоҳанги ҷомеа 30-сола сипарӣ мегардад. Нақши ҷавонон имрӯз дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба мансаби Президент бориз арзёбӣ гардидааст.