ИСТИҚЛОЛИЯТ -ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Дар воқеъ, оини давлату давлатдории тоҷикон дар тўли ҳазорсолаҳо сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, баъд аз ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гардидааст. Миллати сарбаланди тоҷик дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рўйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст. Маҳз рисолати истиқлолхоҳии фарҳангӣ тавонист, ки миллати борҳо аз истиқлолияту давлатдорӣ маҳрумгаштаи моро боз ба истиқлолияту соҳибдавлатӣ расонад.

Инак, имсол аз он санаи фархундае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, 32- сол сипарӣ мегардад. Имрўзҳо мардуми саодатманди кишварамон барои ба таври сазовор истиқбол намудани  ин ҷашни муборакқадам дилгармона омодагӣ дида истодаанд.

Истиқлолияти давлатӣ  арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистони маҳбуби моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифӣ намуд. Арҷгузорӣ ба арзиши волои истиқлолияти давлатӣ гувоҳи равшани ҳувияти миллии халқи соҳибтамаддуни Тоҷикистон аст.

Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ давлат ва миллати мо рўзҳои душвору пуртазод, равандҳои нави таърих, вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнинро бурдборона паси сар намуда, бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид, ба бунёди рукнҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуд, ваҳдату ягонагии худро нигоҳ дошт ва устуворона дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам гузошт.

Имрўз шукрона мекунем, ки ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандўстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Бо шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат мардуми мо тавонист, ки нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориро амалӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ камари ҳиммату мардонагӣ бубандад. Сохтмони садҳо километр роҳҳои оҳану мошингард, садҳо корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, нақбҳои азим, иншооти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ, мактабу беморхонаҳо, рушди соҳаи энергетика, алалхусус, зина ба зина ба кор даромадани иншооти азими аср- Нерўгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи мо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошанд.

Истиқлолият моро ба сўйи асолати милливу ифтихори  ватандорӣ роҳнамоӣ карда, барои расидан ба рўзгори ободу осуда ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар, мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, баҳри таҳким бахшидан ба рукнҳои ин арзиши муқаддас нерў, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем. 

Моҳи сентябри соли 1991  ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар  дар саҳифаҳои таърихи  давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатиро  дар кишвар мо дар заҳматҳои шабонарeзӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Назурова Суман, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон