ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР ДЕҲАИ САНҶИТАК

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои созандагию бунёдкори дар сатҳи маҳал дар деҳаи Санҷитаки Ҷамоати деҳоти Обшорон дар доираи аксияи ҳизбии Якҷоя месозем пули мошингузари деҳа таъмиру азнавсози карда шуд. Дар амали гардидани ин амали хайр саҳми соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ҷавонони фаъоли деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ хело назаррас мебошад. Пули мошингузари мазкур роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон –Бохтарро бо деҳа мепайвандад. Бояд гуфт, ки сокинони деҳаи Санҷитак дар корҳои созандагию бунёдкории маҳал камари ҳиммат баста, дар даромадгоҳи деҳа дарвозаи замонавӣ бо навиштаҷоти номи деҳа бунёд намуданд, инчунин дар оянда низ нақша доранд, то дар ободии Ватани азизамон саҳми худро гузоранд.