АМНИЯТ ВА БЕСУБОТӢ

Ёвон: Вокуниш  

Амният неъмати муқаддасест, ки мутаассифона, баъзан як гурӯҳи мардум ба қадри он намерасад, ҳамон гунае, ки ба қадри саломатӣ баъди аз даст рафтани он мерасанд. Хушбахтона, имрӯз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити амну субот умр ба сар мебаранд ва ҳамин аст, ки ватани маҳбуби мо дар масири рушди бонизом қарор дорад (тавре ки аз ахбори охирини ниҳодҳои дахлдор огаҳӣ дорем, имсол Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои амн мақоми аввалро касб намудааст). Пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рӯз то рӯз зебову пуршаҳомат гардидани симои шаҳру деҳот аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори сулҳу амният мебошанд.

Дастовардҳо ва кашфиёти нав ба нави илмӣ, рушди соҳаи фарҳанг, ба даст омадани ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамасола зиёд шудани дастовардҳои мактаббачагону донишҷӯён аз озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ ва дар ҳамин росто ба таври оммавӣ иштирок кардани сокинони кишвар дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба мутолиаи адабиёти илмию бадеӣ, сол то сол афзоиш ёфтани шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки бо мақсади ошноӣ бо табиати биҳиштосо ва маконҳои тахрихии Тоҷикистон ба диёри мо меоянд- ҳама шаҳодат аз он медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба тараққиву таҷаллӣ қарор дорад ва аксарияти кулли мардуми кишвар сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар ободонии марзу буми аҷдодӣ ҳиссагузорӣ менамоянд.

Хеле таассуфовар аст, ки як зумра ҳамватанони мо имрӯз дар мамолики хориҷӣ будубошро ихтиёр намуда, ин ҳама ободию пешрафтро нодида мегиранд, аз рӯйи ғараз ба афроди алоҳида сангандозӣ мекунанд ва бо чашми душманӣ ба зодгоҳи худ менигаранд, ки ин аз нигоҳи ақли солим нафратовар аст. Чунин ашхоси ҳасуд, нотавонбин ва манфиатҷӯ фирефтаи доми найранги моҷароҷӯён гардида, дилу андешаи худро бо ақидаҳои ифротӣ олуда сохтаанд ва аслан як ҳадафи нопок доранд. Мақсади онҳо, ки ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар ва амалӣ намудани нақшаву ниятҳои ботил мебошад, аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ барояшон талқин карда мешавад. Бештари ин ҷавонон худшинос нестанд ва дарк карда наметавонанд, ки бозичаи дасти сиёсатбозони сиёҳтинат гардидаанд. Экстремизм ва терроризм, ки алҳол дар тамоми ҷаҳон доман паҳн карда, чандин кишварҳоро бесубот намудааст, аслиҳаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ гардида, ба муқобили ваҳдати миллатҳо, аз он ҷумла ваҳдати миллии тоҷикон ҷанг эълон кардааст. Дарку фаҳми ҷавонони ҳангомаҷӯ ва камхирад сиёсати географӣ ва авлавиятҷӯйии гурӯҳҳои тундравро фаро гирифта наметавонад ва онҳо ноогоҳона дар муқобили давлат ва арзишҳои миллии кишвари худ сангар мегиранд.

Ҷавонон, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бояд дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҳушёрию зиракиро лаҳзае аз даст надиҳанд, то сиёсатбозони ҳиллагар неруи тавононои онҳоро ба манфиати ғаразҳои нопоки истифода набаранд ва бо дасти онҳо суботу амниятро барҳам назананд. Насли наврас бояд сарнавишти талхи кишварҳои зиёдеро, аз қабили Афғонистон, Либиё, Тунис, Сурия, Фаластин ва Сомалӣ таҳлилу таҳқиқ намуда, дарк намоянд, ки ин кишварҳои тинҷу ором маҳз бо найрангҳои сиёсатбозон ва бо дасти мардуми худношиноси худи ин мамлакатҳо ба макони ҷангу хунрезиҳо, майдони қатлу кушторҳо табдил ёфтаанд. Мардуми бечораи он кишварҳо имрӯз дар орзуи сулҳу суботи аздастдрафта хун мегирянд, аммо сад афсӯс, ки ба сулҳу субот расидан кори ниҳоят мушкил аст. 

Мақсуд Раҳматуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон