БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Ёвон: Андеша  

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши Олӣ эътироф намуда, ба принсипҳои озодӣ ва демократия устувор аст. Имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи кишвари мо омили асосии ифодаи ҳадафҳо ва рушду такомули давлату давлатдорӣ гардида, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда мебозад.

Конститутсия барои густариши фаъолияти тамоми нерўҳои сиёсӣ, ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ заминаи қонунӣ фароӣам оварда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аст, ки дигар санадҳои қонунгузорӣ ба он мутобиқ карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи сохторҳои ҳокимияти давлатии мамлакат меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсияро ҳамчун дастурамал истифода намуда, барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва рушди озодонаи ҷомеи шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд.

 Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар муддати 32 соли сипаригашта марҳила ба марҳила ҳадафҳои асосии давлатдории тоҷиконро, ки аз Конститутсияи кишвар маншаъ мегирад, амалӣ сохта, ба хотири таъмини баробарии стратегии тамоми қишрҳои ҷомеа дар назди қонун, дар замони пурпечутоби ҷомеаи ҷаҳони муосир тавонист ягонагии ҷомеаи кишварро нигоҳ дорад ва барои фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад, мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва Конститутсия барои ў муқаддас аст. Бояд ҳар як шахси ватандўст бо дарки њамин нукта, ки Конститутсияи кишвари азизи мо миллатро сарҷамъ намуд, ба қадри ин ҳуҷҷати сарнавишсоз бирасад, онро гиромӣ дорад ва барои таҳкими қонуният, маърифати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҳиссагузор бошад.

Эраҷ Мирзоев,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон