ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ёвон: Андеша  

Ниҳоди кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамчун соҳаи афзалиятноки фарогири ҷавонон давоми 30-соли ҲХДТ  фаъолияти густурда дорад ва бо мақсади муттаҳид намудани ҷавонони фаъол ва ба рушду такомули Ватан равона сохтани ин нерўи тавоно созмон дода шудааст.

Ҳадафи меҳварии ниҳоди кор бо ҷавонон тақвият додани мафкураи худшиносӣ дар ниҳоди насли наврас, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба нерўи тавонои насли ояндасоз аст. Ба андешаи мо, дар шароити пуртазоди асри нав танҳо донишу маърифат, худшиносӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим қодир аст, ки ҷавононро аз хатарҳои дидашаванда ва диданашавандаи ҷаҳони муосир эмин дошта, онҳоро ба роҳи дуруст равона намояд.

Зимнан бояд гуфт, ки ибораи «тарзи ҳаёти солим» ба маъноҳои зиёд истифода мешавад, ки умдатарини онҳо «андешаи солим доштан», «хирадпешагӣ», «инсондўстӣ», «худшиносӣ» ва «обу тоби бадан» мебошад. Ин мафҳумҳо маҳаки асосии адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ ва суннатҳои аҷдодии моро ташкил медиҳанд ва он дастовардҳои маънавию фарҳангие, ки миллати моро дар тўли таърих насиб гаштааст, маҳз дар заминаи тарзи ҳаёти солим доштани ниёгонамон ба вуҷуд омадаанд.

Аз тарзи ҳаёти солим дур шудан ва ба ҳаракатҳои ифротиву моҷароҷў пайвастани бархе аз насли наврас ҳам аз худношиносӣ сарчашма мегирад. Дар зиндагии ҳаррўза мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо на танҳо худшинос нестанд, балки ҳатто ба саволи «худшиносӣ чист?» ҷавоб гуфта наметавонанд, яъне ба маънии калимаи «худшиносӣ»  сарфаҳм намераванд ва сабаби инро ман дар он мебинам, ки насли наврас аз мутолиаи китоб дур шудаанд.

Фаромўш набояд кард, ки танҳо ҷавонони воқеан ватандўст метавонанд дилсўзона, бо тамоми ҳастӣ амнияти Ватани худро ҳифз намуда, ояндаи ободи онро таъмин намоянд.

Сохтори ҷавонони ҳизби ноҳия,  ки имрўз дар ҳайати худ зиёда аз 100 нафар ихтиёрӣ дошта, пайваста дар андешаи рушди диёру Ватан аст, бо такя ба қувваи бузурги ҷавонони ноҳия талош меварзад, ки минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои созанда ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеш бошад.

Назурова Суман, мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон