МО ҲАМҚАДАМИ ҲИЗБЕМ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии Пайравони Синои Коллеҷи тиббии ноҳия Конференсияи ададбӣ фарҳангӣ зери унвони "Эътимоди мо- ҳизби мо" бо иштироки Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Конференсияи мазкурро раиси ташкилоти ибтидоӣ Амирзода Шарофиддин  ифтитоҳ намуда, ёдоварӣ намуданд, ки имрӯз аз санаи мубораки ҳизби мо 29 сол сипарӣ мегардад. Сухангуёни Конференсия Абдуллозода Саёҳат- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Сафархолов Қутбиддин- Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия, Муродов Сироҷ- вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки  

Ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мешиносанд ва ба он муносибатҳои  дўстонаву дипломатӣ доранд. Бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо таври бебозгашт идома ёфта, идеологияи он ба манфиати миллати саодатманди тоҷик нигаронида шудааст.

Тавре ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии  мо  мебошанд, ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд”.

Дар Анҷумани 12  ва 13–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа таъкид намуд, ки  фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанўз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд, анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд, ё онҳоро аз нав эҳё намоянд. Дар фарҷом як гурӯҳ донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи мазкур аз таърихи ҳизб баромадҳои  пурмуҳтаво намуданд.