ТАЪМИРИ ПОЙГАҲИ ОБКАШОНИ ДАР ДЕҲАИ ПАХТАКОР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таъмин намудани сокинони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин бо оби ошомиданӣ ва об барои зироати сокинон бо ҷалби шахсони саховатпешва ва соҳибкорон, инчунин аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" як нуқтаи пойгаҳи обкашонӣ, ки солҳои охир ба таъмир ниёз дошт, аз таъмир бароварда шуд. Деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин яке аз деҳаҳои кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, сокинони деҳаи мазкур барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ саҳми намоён доранд.