САНГФАРШКУНИИ РОҲҲО БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал дар доиари аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо ташабуси соҳибкорон, шахсони саховатпеша, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва саҳми маҳал роҳҳои дохили деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова сангфарш карда шуд. Роҳҳои мазкур пеш аз сангфарш намудан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барои гашту гузори сокинону мактаббачагон мушкилӣ эҷод менамуд. Акнун паз аз сангфарш намудани ин роҳҳо сокинон метавонанд дар фаслҳои сармо аз он бемамоният истифода баранд.