СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №29

Ёвон: Созандагони ватан  

Ташаббуси навбатии  мардуми деҳаи Чойхонаи  Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №29 мебошад. Сокинони деҳаи мазкур барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи  фарзандони худ ва бо ҷои нишат таъмин намудани хонандагон тасмим гирифтаанд, ки то оғози соли нави таҳсил ду синфхонаро ба итмом расонида барои истифодаи толибилмон супорида шавад.

Ин иқдом дар доираи  истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.  Ҳизбиёни ноҳия аз рафти сохтмон дидан намуда,   иқдоми пешгирифтаву ободкоронаашонро давоми сиёсати пешгирифтаи маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд. Мардуми деҳаи Чойхона ҳамеша дар ҳама самтҳо фаъолияти густурда дошта, дар роҳи ободонию созандагии як гушаи Ватан, яъне деҳаи худ ҳамеша саҳмгузор ҳастанд. Ҳамин ташаббускории онҳо ҳаст, ки имрӯз кӯчаҳои деҳа чароғон гардида, дарвозаи замонавии деҳа ҳамчун рамзи  меҳр ба диёру маҳал доштан насб гардидааст. Чунин иқдомҳои созандагӣ боз ҳам дар деҳаи мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Чойхона идома дорад.