ШАНБЕГИИ УМУМӢ ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ҲХДТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доираи Ҳафтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия шанбегии умумиҳизбӣ доир карда мешавад.  Дар масири Зардолубоғи ноҳия  шанбегии умумӣ ташкил карда шуда, гирду атрофи  мавзеъи мазкур пурра тозаву озода карда шуд. Ин навбат ҷавонон ва волонтиёрони ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шанбегӣ иштирок намуда,  дар ҳашари дастаҷамъона фаъолона иштирок намуданд. Бояд ёдоварӣ намуд, ки ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ҷашн гирифта мешавад, ки ба хотири ин санаи муборак чорабиниҳои мухталиф аз ҷумла шанбегиҳо доир карда мешавад.