ШАРАФ БА ҲИЗБИ ХАЛҚ

Ёвон: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз талош бар он доранд, ки ҷиҳати амалишавии нақшаву барномаҳои муҳиму тақдирсоз тамоми нерую дониши худро сарф намоянд ва таҳти шиори барномаи амали худ “Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон” ба он мекӯшанд, ки ин ниҳоли дастаҷамъона шинонидашуда – Истиқлолияти давлатӣ самараи дилхоҳ ба бор орад. Истиқлолият мисли дигар мафҳумҳои муқаддас барои халқу Ватан неъмати Худодод ба шумор рафта, он аз ворисонаш ғамхорию муносибати махсусро тақозо мекунад.

Ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мешиносанд ва ба он муносибатҳои  дўстонаву дипломатӣ доранд. Бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо таври бебозгашт идома ёфта, идеологияи он ба манфиати миллати саодатманди тоҷик нигаронида шудааст.

Тавре ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии  мо  мебошанд, ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд”.

Дар Анҷумани 12  ва 13–уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа таъкид намуд, ки  фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанўз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тӯли асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд, анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд, ё онҳоро аз нав эҳё намоянд.

Гурезова Мавҷуда -мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон