ЭЪТИМОДИ ХАЛҚ КАФОЛАТИ ПИРӮЗИҲОИ МОСТ!

Ёвон: Андеша  

Мақсаду мароми ҳизбе, ки сарварияшро ин шахсияти вологуҳар ба зимма доранд, парвариш намудану ба бор овардани дарахти хирад дар дилу вуҷуди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, дарахте, ки имрўзу фардо ҳамагон аз меваи он баҳравар хоҳанд шуд.

Некўаҳволии  халқ, рушди бемайлони ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани  шукўҳу шаҳомати Тоҷикистон аз нахустин вазифаҳои ҳизб буданд ва минбаъд низ боқӣ мемонанд. Маҳз ана ҳамин ҳадаф ва мақсадҳои олӣ буданд, ки дар кутоҳтарин фурсат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худро чун ҳизби пешбари ҷомеа муаррифӣ намуд.

Ҳар яки мо- ҳизбиёнро мебояд, ки қудрати бунёдкоронаи худро ба татбиқи ҳадафҳои ҳизбамон равона карда, саҳмгузор будани худро дар пешрафти ҷомеа, татбиқи демократия ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба беҳтарин ваҷҳ собит намоем. Мо вазифадорем, ки хушбин бошем, ба ояндаи дурахшони миллату Ватан эътимоди қаввӣ дошта бошем ва дар ин роҳ садоқатмандона заҳмат кашем.

Яке аз принсипҳои муҳими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ мебошад. Ба эътибори ҳамин принсип Тоҷикистон низоми бисёрҳизбиро пазируфтааст ва имрўз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қаламрави кишварамон ҳафт ҳизби сиёсӣ дар фазои озод, сулҳу салоҳ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ фаъолият доранд. Озодона ва дар асоси Оинномаву Барнома ва  ҳадафҳои худ  фаъолият доштани ҳизбҳои сиёсиро метавон тантанаи демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти 29-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.

Он таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи њадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Њамин аст, ки пайванди миёни њизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.

Сокинони ноҳияи Ёвон, ки аз ибтидо худро ҳамчун мардуми ватанпараст ва ҷонибдори қавииродаи сохти конститутсионӣ муаррифӣ кардаанд, дар давоми 29 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси аъзо ва ҳаводорони ин ташкилоти бонуфуз баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи он садоқатмандона саъю талош варзида истодаанд.

Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ғолибҷон Расулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон