ТУЛУЪИ ДУБОРАИ ХУРШЕД

Ёвон: Андеша  

Дар ҳақиқат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29-сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тулонӣ садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрўз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди баровардани ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.

Он таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.

Ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ормонҳо ва ҳадафҳои мардумӣ маншаъ гирифтаанд, бо гузашти айём арзиши волотар касб намуда, ба мақсаду мароми миллати шарафманди тоҷик табдил меёбанд. Сокинони мамлакат роҳи расидан ба зиндагии шоистаро дар татбиқи ҳадафҳои хирадмандонаи ин ҳизб мебинанд. Воқеан ҳам, имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст ва метавонад халқи кишварро ба фатҳи қуллаи мурод раҳнамоӣ кунад. Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ муборак бошад, ҳизбиёни гиромӣ!

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон