ҲИЗБИЁН РИСОЛАТИ СОЗАНДАГӢ ДОРАНД.

Ёвон: Андеша  

Тоҷикро вуҷуди ту бунёди давлат аст,

Сидқу сафову меҳру вафову сиёсат аст.

Бо шири модару нафаси зиндаи диёр,

Савганди ту ишора ба Зардушти миллат аст.

Меҳри туву фаросату фазлу ҳунарварӣ,

Аз доду назри холиқи якто башорат аст.

Воқеан, дар ахтари хаёли созандаи Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои бешумори сиёсиву фарҳангӣ тавлид гаштаву Тоҷикистони азизро чун ғаввоси хазинаи зарҳалини тамаддуни ориёӣ имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтааст.

Тавлиди идеяи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ, як ҷузъи хаёли созандаи Раиси муаззами ҲХДТ аст.

Дар остонаи таъсисёбии 29-солагии ҲХДТ қарор гирифтан,  беихтиёр дар ёду хотираҳо, даврони сангини  пур аз мушкилоту муаммоҳои  сарпечидаи  солҳои 1992-1993 –юми асри ХХ рӯйгардон мешавад.

Сукути шуравии абарқудрат, дастёбӣ ба ормони  ҳазорсола- истиқлолияти миллӣ, рӯйи саҳна омадани  ашхосу гурӯҳҳои  мансабталошу манфиатҷӯй ва ниҳоят бо дахолати  бегонагон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  Тоҷикистон.

Маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аз миёни нобасомониҳои  ҷанги шаҳрвандӣ ба муроди он бархост, ки  мардуми парокандаи Тоҷикистонро аз нав ҷамъ созад, дар кишвари валангоргардидаи мо аз нав сулҳу ваҳдатро  таъмин намояд, дар замири ҳар як тоҷикистонӣ тухми умеду бавариро сабзонад.

Раванди минбаъдаи  ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол  собит намуд, ки  ҲХДТ ҳизби ифодагари ормонҳои  халқ аст. Мо шоҳиди онем, ки  таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ-Тоҷикистони дар гирдоби  кашокашиҳои дохилӣ қарор дошта, ба соҳили мурод расид. Тай кардани ин марҳилаи сангин осон набуд ва паси сар кардани он маънии амалӣ гаштани нақшаҳои наздиктарини  ҳизбро дошт.

Ин дастоварди бузург, дигаргуниҳои куллиро дар шуури ҷомеа ба вуҷуд овард. Ба ҳамин маънӣ ҲХДТ тавонист мавқеъ ва  обрӯи  устуворро дар миёни халқ соҳиб шавад.

Дастовардҳои имрӯзаи ҳизби мо натиҷаи талошу мубориза дар он замонаи мураккабу мушкил аст.

Имрӯз низ ҲХДТ тавониста истодааст, ки рисолати аслии худро, ки аз замири созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ адо намояд. Хушбахтона, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2022- 2026 ҳамчун Солҳои рушди санаот, ки ҷавҳари онро таъмини зиндагии босаодати сокинон, боло бурдани обруву нуфeзи кишвар ва ҳимояи арзишҳои миллӣ ташкил медиҳад.

Тавре раванди Аксияҳои ҳизбӣ дар        ноҳияи Ёвон нишон дод, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани сокинон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда, сангфарш кардани кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия, дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ натиҷаҳои дилхоҳ дод.

Маҳз натиҷаи ҳамин ҳамоҳангию ҳаммаромии фаъолияти мо ҳизбиён зери сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ  аст, ки дар доираи қисмати амалии ин аксия аллакай садҳо километр роҳҳои байни деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия сангфарш гардида, ба ҳазорҳо нафар ниёзмандон кӯмакҳои яквақтаинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону шахсони эҳсонкор, кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ расонида шуданд. Бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи ин иқдом ҳазорҳо адад ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва дарахтони мевадиҳанда шинонида шуда, садҳо адад муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташаббусу иқдоми бевоситаи ҳизбиён таъмиру тармим гардиданд. Садҳо чунин иқдомҳои дигари ҳизбиён дар ноҳия ба хотири мусоидат дар рушди деҳот амалӣ гардида истодааст. Дар ин марҳала ба натиҷаи назаррас даст ёфтани ҳизбиёни ноҳияи Ёвон, ҷи дар сатҳи тақвияти робита бо мардум ва чӣ дар самтҳои дигар, аз он ҷумла бо дастуру ҳидоятҳои Раиси ҲХДТ бо биноҳои маъмурӣ ва дигар шароитҳои муосир таъмин шудани сохтори ҳизбӣ дар ноҳия бароямон он ифтихорро ато намуд, ки бо сари баланд ва руи сурх фаъолиятро боз ҳам тақвият бахшем

Нуқтаи бисёр муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва қоғаз нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем.

Барои ғамхорӣ ва дастгирии ҷавондухтарону занони кишвар маҳз тавассути ҳизб сидқан ва самимона минатдории занони ноҳияи Ёвонро ба  Пешвои миллат иброз медорем.

Зеро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро пуштибонӣ мекунед ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон додааст. Имрӯз мактаби захираҳои ҳизбӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби амал буданашро исбот намудааст.

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон ҳамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷоноби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаайян гардидаанд ва амали намудани ҳадафҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша саҳмгузор мебошад. Тамоми дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоииҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саодати миллат, пешрафти Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлат нигаронида шудаанд.

Озодӣ, сулҳу осоиштагӣ, амният ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва эҳтиёт кардани он, ба қадраш расидан масъулияти ҳар як ҳамватан бошад ҳам, мо ҳизбиён  даҳчанд вазифадорем.

Бо масъулияти баланди ҳизбӣ иброз менамоям, ки барои рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ насли наврасро дар рўҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориҳои Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоем.

Абдуллозода Саёҳат, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон