Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст

Ёвон: Вокуниш  

Муҳамадиқболи Садриддин имрӯз дар Аврупо паноҳ бурда, мушти ҷаҳолату бадбиниро ба сӯи давлати хеш мекашад, ки ин мутлақо хато аст. Он мушт набояд ба сӯйи давлату миллат, балки ба сӯйи падар ва саркардагони ТЭТ ҲНИ равона карда шавад, зеро гунаҳгори аслӣ роҳбарону давлати Тоҷикистон не, балки ёру навкарони наҳзат мебошанд, ки аз як бачаи дувоздаҳ сола, як бадбахти бешарафро тарбия намудаанд. Ин аст кашф, сир, мақсаду маром, самараи наҳзат, ки ҳоло танҳо дар бораи якеаш бо номи Муҳамадиқболи Садриддин қасса карда шуд.

Ба қавли Саъдии бузургвор;

 

         Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон бар гунбад аст.

Оре, насли фасоди инон мунқатеъ кардан авлотар аст ва бехи табори эшон баровардан, ки оташ нишондану ахтар гузоштан ва афъӣ куштану бачча нигоҳ доштан кори хирадмандон нест.

Таҷовуз ба номус ва аз ҳама бешарафӣ “бачабозӣ” ва ба василаи он ба тан кардани либоси занонаву овезон кардани тавқ дар гардан ва зангула андохтан дар пой шарафи мардиро зери суол бурда, инсонро ба вартаи нобудӣ мерасонад, албатта инсони бошарафро.

Лек ин воқеъиятҳои талх барои Муҳамадиқболи Садриддин мисли боди даргузаре гаштааст, ки замоне омаду рафт. Муҳамадиқболи Садриддин аз ин ҳодисаҳои нангин сабақи дуруст нагирифта,  баракс кори бешарафии худро дар дигар минтақаҳои давлати Исломии Авғонистон, сипас дар Покистону Луҳур ва белохира дар Аврупо ба қавли гумонҳои “худам шоҳу таъбам вазир”  то ба имрӯз давом дода истодааст.

Филми навбатии ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 7-ум бозгуи таҳқиру танқид ва паст задани шарафу номуси касе нест, балки нишон додани воқеъияти талх, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, шармгину покнашаванда боқӣ гузоштааст. Ин воқеъият Муҳамадиқболи Садриддинро дар чораҳаи пурпечутоби зиндагӣ ба бозича, қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки он ҷо танҳо дасисаю моҷаро, худбохтагию бегонапарастӣ, найрангу тақалуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ ҳукмфармо буданд.

Инсони комилро ин сарнавишти талх бояд бошараф, бонанг ва боимон мегардонид, на бешарафу хиёнатпеша. Инсони комил бояд аз нокомиҳои зиндагӣ сабақи хештан биомӯзаду худро дар ҷодаи ҳаёт пайдо созад ва дар ҷоқе, ки хешро пайдо сохт бояд бимонад, ин аст оини мардӣ, рисолати ватандорию ватансозӣ. Зеро ки дар он гирдоби даҳшати соли 1990-1992 на танҳо Муҳамадиқболи Садриддин қурбонӣ гашта буд, зеро ки бештари мардуми Тоҷикистон аз ҷумла наврасону ҷавонон осеби тақдир дида буданд, ки дар зиндагӣ тавонистанд тақдирро тадбир созанду хештанро аз ҷаҳолат ба некрӯзиҳо расонанд. Албатта аз ҷаҳолат ба некрӯзиҳо расидан кори мардони бошараф аст, на кори бешарафе чун Муҳамадиқболи Садриддин...

 

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар ниҳоле,

Бошад, ки паланг хуфта бошад.

Расулов Ғолибҷон -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон